Хабарҳо
Муносибатҳои иқтисодии Россия ва Тоҷикистон: воқеият ва имконот
Рӯзи 5 октябри соли равон бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Институти сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Россия дар назди Президенти Федератсияи Россия мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи «Муносибатҳои иқтисодии Россия ва Тоҷикистон: воқеият ва имконот» баргузор гардид. Дар он олимону муҳаққиқон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагон аз вазорату идораҳо ва коршиносони иқтисодӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок ва суханронӣ карданд.
Кори мизи мудавварро Шукрулло Хайрзода, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кушода, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки ин ҳамоиш барои тавсеаи муносибатҳои тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мусоидат намуда, нишондиҳандаи робитаҳои зичи муассисаҳои таълимии ин ду кишвар мебошад.
Сипас Солеҳзода Ашурбой, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ аҳли нишастро бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи муаллимон муборакбод кард ва меҳмононро ба Тоҷикистон хушомадед гуфт. Мавсуф дар бораи густариши муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон истода гузашта, қайд намуд, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Россия ва Тоҷикистон ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Дар шароити имрӯза татбиқи як қатор маҷмӯи чорабиниҳо имкон доданд, ки сатҳи муносибатҳои иқтисодии ду мамлакат мувофиқан бо хусусияти шарикии стратегии он ба шакли сифатан нав барояд. То имрӯз дар ҳудуди 240 созишномаи байниҳукуматӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расидаанд. Муносибатҳои байни Россия ва Тоҷикистон дар асоси кушод ва боварии ҳамдигарӣ ба роҳ монда шудааст. Чорабинии имрӯза дар асоси тақвияти ҳамкориҳои байни макотиби олии ин ду кишвар ба роҳ монда шуда, барои густариши муносибатҳои иқтисодӣ бо тавсияю пешниҳодҳои илман асосноки коршиносону олимони иштирокчӣ мусоидат хоҳад намуд, чунин натиҷагирӣ кард Солеҳзода А.А..
Баъдан Приходько Сергей Вадимович – директори иҷроияи Институти сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т. Гайдар ва Мау Владимир Александрович – ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Россия дар назди Президенти Федератсияи Россия баромад карда, дар бораи муассисаи худ каме маълумот дода, барои тақвияти ҳамкориҳо бо ДДМИТ ташкили ҳамоиши мазкурро муҳим арзёбӣ карданд.
Дар қисмати асосии кори мизи мудаввар маърӯзаҳои зерини муҳаққиқони тоҷику рус шунида шуд:
Саидмуродов Лутфулло, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар мавзӯи «Самтҳои стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ», Ведев Алексей Леонидович – директори Маркази тадқиқотҳои сохтории Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Россия дар назди Президенти Федератсияи Россия дар мавзӯи «Хавфҳои асосии рушди ичтимоию иқтисодии Федератсияи Россия дар дурнамои миёнамуҳлат», Петросян Андрей Рубенович – сардори маркази тадқиқотҳои ҳамгироии Бонки рушди Авроосиё дар мавзӯи «Нақши институтҳо дар рушди равандҳои ҳамгироӣ», Дробышевский Сергей Михайлович – директор оид ба корҳои илмии Институти сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т. Гайдар дар мавзӯи «Мутобиқшавии сиёсати буҷавии ФР ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва мухолифат ба садамаҳои беруна», Трунин Павел Вячеславович – роҳбари самти «Макроэкономика и финансы» дар мавзӯи «Сиёсати пулию қарзии Бонки марказии Федератсияи Россия дар шароити ноустувории иқтисодӣ», Пахомов Александр Александрович – ходими пешбари илмии лабораторияи тадқиқотҳои макроиқтисодӣ (ИПЭИ) дар мавзӯи «Имкониятҳои нав ва хавфҳои тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Россия ва Тоҷикистон», Кнобель Александр Юрьевич – мудири лабораторияи «Международная торговля» дар мавзӯи «Дурнамои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Россия ва Тоҷикистон дар ҳошияи фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё», Курляндская Галина Витальевна – директори Маркази сиёсати фискалӣ (Россия), коршиноси лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо (Тоҷикистон) дар мавзӯи «Оё таҷрибаи Россия дар ислоҳоти муносибатҳои байнибуҷавӣ дар Тоҷикистон истифода бурдан мумкин аст?», Қандиёрова Дилбар, профессори кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ дар мавзӯи «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамгироии минтақавӣ: талабот ва дурнамо».
Дар баромадҳо аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид гардида, рушди бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки омили муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад, арзёбӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз Федератсияи Россия дар самти шарикии тиҷоративу сармоягузории Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Аз соли 2008 Федератсияи Россия ҳамчун шарики муҳими иқтисодию тиҷоратӣ маҳсуб шуда, дар мавқеи якум қарор дорад ва аз соли 2006 намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Соли 2017 гардиши мол байни ду кишвар беш аз 900 млн доллари амрикоиро ташкил кард. Дар 8 моҳи охир гардиши мол ба андозаи 35% афзоиш ёфта, асосан нахи пахта 16%, меваю сабзавот – 14% ба Россия аз Тоҷикистон содирот карда мешавад. Аз Федератсияи Россия бошад, асосан маҳсулоти нафтӣ ва васоити нақлиётӣ ворид карда мешавад.
Яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, ки ҳам ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳам ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ таъсири амиқ мерасонад, ин сармоягузориҳои мустақим ба иқтисодиёти кишвар мебошад, ба мисли соҳаҳои энергетика, истеҳсолоти саноатӣ, соҳаи куҳию металлургия ва сохтмон, нақлиёти авиатсионӣ ва роҳи оҳан, кишоварзӣ ва ғайра. Дар солҳои охир аз тарафи Россия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумӣ беш аз 700 млн. долл. ИМА сармоягузории мустақим карда шудааст.
Имрӯзҳо муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон ба ҳамгироии зич ва наздикшавии иқтисодиёт бо мақсади пешравии иҷтимоию иқтисодӣ, болоравии гардиши мол ва беҳсозии некуаҳволии мардум нигаронида шудааст. Яке аз қисматҳои равобити иқтисоди хориҷии давлатҳо ин рушди савдо байни мамлакатҳо мебошад. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, васеъ кардани ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ, татбиқи саривақтии қарорҳои қабулкардаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ амри зарурии рушди иқтисодиёт маънидод гардид.
Бояд қайд намуд, ҳамоиши мазкур дар доираи муносибатҳои тарафайни байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Институти сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Россия дар назди Президенти Федератсияи Россия рӯи кор омада, мақсади ин ҳамоиш ташкили имкониятҳо барои муколамаи маҳсулнок байни коршиносон ва коркарди қарорҳои амалӣ дар самти сиёсати иқтисодӣ мебошад.
Ҳамин тавр, ҳамоиши илмии сатҳи баланд бо мубодилаи афкори судманд ҳусни анҷом ёфт.
Машҳура Абдуллоева