Хабарҳо
Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва омӯзгор
Санаи 4-уми октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва омӯзгорон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии фарҳангиро декани факултет Муқимов Қутбиддин ҳусни оғоз бахшида, нақши забони давлатӣ ва омӯзгорро дар рушду нумуи ҷомеаи кишвар калидӣ донист.
Баъдан барномаи фарҳангии донишҷӯён баргузор гардид, ки аз шеърхонӣ, рақс, сурудхонӣ, саҳначаи тарбиявӣ иборат буд. Барномаи фарҳангии донишҷӯёни факулта аз тарафи иштирокдорон хуш пазируфта шуд.
Дар охир ба хотири ҳавасмандкунӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ донишҷӯён бо ифтихорномаи садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ сазовор гардонида шудаанд.