Хабарҳо
Паёми табрикотии ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода бахшида ба Рӯзи омӯзгорон
Омӯзгорони гиромиқадр!
Якояки Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, дар пешаи заҳматталаби муаллимӣ бароятон муваффақияту пешравиҳои назаррасро таманно дорам.
Имрӯз мақоми омӯзгор дар ҷомеа хеле баланд рафтааст, зеро Давлату Ҳукумати мамлакат ва хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли маориф эътибори хоса медиҳанд ва муаллимро ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он медонанд.
Воқеан ҳам, муаллим афрӯзандаи чароғи илму дониш буда, вазифаи асосии ӯ дар баробари таълим адабгустарӣ ва ҳидояткунандаи роҳи рост аст. Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли худогоҳу хештаншинос хеле назаррас буда, тамоми пешравию афзалияти мо аз ранҷу машаққати устодон вобаста аст. Бузурге ба ин маънӣ гуфтааст, ки
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Чун вазифаи мо таълиму тарбияи насли ҷавон аст, пас бояд дар фаъолияти педагогӣ масъулияти баландтаре дошта бошем, то ин ки насли ҳушманду бомаърифат тарбия намоем. Дар кори пурмасъулияти омӯзгорӣ бароятон ташаббускорӣ ва пешравиҳоро таманно дорам.