Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳунарнамоии донишҷӯдухтарон

Ҳунарнамоии донишҷӯдухтарон

 Санаи 5-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявӣ ва сохторҳои он даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизон ва радио, вазоратҳои фарҳанг ва маориф ва илм доир гардида истодааст, баргузор гардид. 
Дар озмуни мазкур доираи васеи донишҷӯдухтарон ширкат варзида, ҳунару истеъдоди худро муаррифӣ намуданд. Озмуни «Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол», ки иборат аз муаррифии ҳунармандии духтарон дар мавриди рӯзғордорӣ буд, ғолибонро муайян кард. 
Ҳамин тариқ, ҷойи сеюмро Толибова Гуландом, донишҷӯи курси дуюми факултети иқтисод ва бизнес, ҷойи дуюмро Раҳимзода Нилуфар, донишҷӯи курси сеюми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иктисодӣ ва ҷойи якумро Ғафурова Намуна, донишҷӯи курси дуюми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт гирифтанд. Инчунин Давлатова Фотима, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз, Саидова Гавҳар, донишҷӯи курси 1-уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва Қурбонова Маҳинбону, донишҷӯи курси 1-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор сазовори ҷойҳои ифтихории озмун гардиданд. 
Ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол», ки рӯзҳои наздик доир мегардад, Раҳимзода Нилуфар бо гирифтани 90 хол ва Ғафурова Намуна бо гирифтани 110 хол роҳ ёфтанд. 


Ғафорова М., мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба духтарон