Хабарҳо
Баррасии содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ
Рӯзи 11 октябри соли равон дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Тартиби якҷояи Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати содагардонии технологияи барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт дар сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ аз кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ устодон Давлатов Фарҳод дар мавзӯи «Омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ» ва Ҳалимхонов Зафар дар мавзӯи «Роҳҳои сода гардонидани расмиёти гумрукӣ» бо маърӯзаҳои худ баромад карданд. Дар рафти баромад маърӯзачиён қайд намуданд, ки сода гардонидани расмиёти гумрукӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, аз ҷумла суръат бахшидан дар рушди тиҷорати хориҷӣ ва гардиши мол нақши калидиро мебозад. Инчунин дар ин самт тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мавқеи махсусро касб менамояд, ки баргузории ҳамоиши мазкур маҳз ба ҳамин масъала нигаронида шуда буд.
Зафар Халимхонов, устоди кафедраи фаъолияти гумрукӣ