Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯёни навовар

Донишҷӯёни навовар

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз донишҷӯёни донишгоҳ ҳунару малакаи азхуднамудаи худро дар роҳи муаррифии муассиса дар сатҳи ҷумҳурӣ ва хориҷа сарф мекунанд. Имсол нисбат ба солҳои қаблӣ сафи ин қабил донишҷӯён зиёд шуда истодааст. 
Санаи 12-уми октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъбасти озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон созандагони Ватан», ки аз тарафи Маркази патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисодиёт ва савдои ҶТ ташкил гардида буд, доир гардид. Ба ин озмун беш аз 500 лоиҳаи ҷавонон ворид гардид. Аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ Сайдуллоев Азизбек ва Раҳимбердиев Орзумурод ба озмун-фестивал лоиҳаҳои худро пешниҳод намуданд ва аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои сазовор гирифт. Ин донишҷӯён барои иштирокчии фаъол аз тарафи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Н. бо Дипломи озмун қадрдонӣ карда шуданд ва ба даври ниҳоии озмун-фестивал роҳ ёфтанд. 
Ёдовар бояд шуд, ки даври аввали озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон созандагони Ватан» дар ДДМИТ баргузор гардида буд ва ба даври дуюм донишҷӯён Сайдуллоев Азизбек бо лоиҳаи «Дастгоҳи мавҷгир» ва Раҳимбердиев Орзумурод бо лоиҳаи « Тарзи парвариши бодиринг» роҳ ёфта буданд. 


Нуралӣ Раҳимзода