Хабарҳо
Дар МТИ сертификат супорида шуд
Аз 1-ум то 10-уми октябри соли равон дар Маркази такмили ихтисоси ДДМИТ курсҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти молия дар мавзӯи “Банақшагирии даромадҳои давлатӣ” баргузор гардид. Дар он 28 нафар корманди мақомоти молияи шаҳру навоҳии кишвар иштирок карданд.
Машғулиятҳоро олимону мутахассисони соҳа аз Вазорати молияи ҶТ ва ДДМИТ гузаштанд, ба монанди Исмоилов Олимхон – сардори Раёсати дурнамо ва таҳлили даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, Ҷумабоев Хуршед, директори ПИТ “Молия”, Ғоибов Остонақул ва Камолов Илҳом –мутахассисони раёсати мазкур.
Дар охири курсҳо ба ширкаткунандагони он аз тарафи Нурализода А., муовини якум, муовин оид ба таълими ДДМИТ ва Ҷӯраев Х., директори МТИ ДДМИТ сертификатҳо супорида шуд.