Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Менеҷер-сармоягузор

Менеҷер-сармоягузор

Санаи 15-уми октябр маҳфили навбатии донишҷӯёни кафедраи менеҷменти молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ таҳти унвони «Менеҷер-сармоягузор» дар мавзӯи «Банақшагирии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 
Сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ, дотсент Нуров Ш.С. ҳусни оғоз бахшида, ба донишҷӯён нуктаҳои асосии мавзӯи баррасишавандаро гуфта гузашт. Пасон донишҷӯи курси чоруми ихтисоси менеҷменти молиявӣ Алиева Чарос дар мавзӯи «Банақшагирии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ - муаллими калон Амиров М.С.) баромад кард. Зимни баромади худ Алиева Ч. оид ба банақшагирии молиявӣ дар ташкилотҳои буҷетӣ сухан ронда, дар асоси тартибдиҳии харҷномаҳои сметаҳои гуногун ба роҳ монда шудани банақшагириро таъкид кард. 
Инчунин гуфта шуд, ки ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ба маблағи 21003087 ҳазор сомонӣ тасдиқ шуд. Дар баробари ин масъалаи дар соли ҷорӣ маблағҳои буҷетӣ дар кадом соҳаҳо бештар сарф мешаванд, маълумот дода шуд. 
Дар охир доир ба мавзӯъҳои марбути соҳа байни донишҷӯён ва устодон баҳсу музокираҳо сурат гирифт. 


Нуралӣ Раҳимзода