Хабарҳо
Лоиҳаи Ҷовидон яке аз беҳтаринҳо дониста шуд
12-13-уми октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими эълони ғолибон ва ҷоизасупорӣ ба беҳтарин ихтироъкорон ва навоварон доир гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати кишвар ва сармоягузорони хориҷӣ иштирок доштанд. Фестивал-озмуни «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон-созандагони Ватан» бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашта, дар он наврасону ҷавонони аз 14 то 30-сола иштирок намуданд. Дар ин давра ба Кумитаи тадорукот 740 лоиҳа пешниҳод гардид, ки аз ин шумора 106-тои он ба даври ҷамъбастии озмун аз рӯи 15 соҳа қабул гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар байни 740 довталаб аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷовидон Халифазода -магистранти соли аввали ихтисоси андоз ва андозбандӣ ба ин озмун лоиҳаи худро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои сазовор гирифт. Лоиҳа аз рӯи соҳаи саноати хӯрокворӣ аз тарафи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Ҳикматуллозода сазовори Диплом ва туҳфаи хотиравӣ гардида, инчунини аз тарафи Бонки Эсхата бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид.
Мо бо ин комёбӣ Ҷовидонро таҳният намуда, барояш муваффақиятҳои тозаро таманно мекунем.
Н. Тӯйчизода