Хабарҳо
Дурнамои фаъолияти корхонаҳо
Имрӯз дар рушди иқтисодиёти миллии мамлакат равобит ва муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии корхонаҳо нақши калидиро мебозад. Тайи солҳои охир муносибатҳои дохилию беруна ва иқтидори истеҳсолию содиротии корхонаҳои ватанӣ афзоиш ёфта, саҳми онҳо дар таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ назаррас аст. Ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ аз ҳисоби истеҳсолоти корхонаҳо ва фаъолияти соҳибкорӣ дар 9 моҳи соли 2018 ба 47,5 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% зиёд мебошад. Агар содироти корхонаҳо дар 9 моҳи соли гузашта 713 млн долларри амрикоиро ташкил дода бошад, пас дар соли ҷорӣ он наздики 809 млн доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба 9 моҳи соли гузашта 10,2 % зиёд мебошад, гуфта шуд дар маҳфили илмии донишҷӯён, ки санаи 17-уми октябри соли ҷорӣ дар кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ доир гардид. Маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Робитаҳои корхонаҳо ва муҳити берунаи онҳо» доир гардида, дар он оид ба муайян сохтани фаъолият ва самараи равобити корхонаҳои ватанӣ, муносибатҳои бурунмарзии корхонаҳо ва таъсири омилҳои беруна ба рушду инкишофи онҳо маълумот дода шуд.
Дар маҳфили илмӣ донишҷӯён фикру ақидаҳои худро оид ба дурнамои корхонаҳои кишвар ва рушди соҳибкории хурду миёна баён намуданд.
Раҳматулло Қаландаров, роҳбари маҳфил