Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии манфиатҳои иқтисодии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии манфиатҳои иқтисодии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳти ин ном санаи 22-юми октябр дар кафедараи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ семинари илмӣ-назариявӣ ва методӣ бо иштикори роҳбарияти раёсати илм ва инноватсия Даврон Хоҷаев, декан Қутбиддин Муқимов, мудири кафедра Зарина Давлатшоева ва устодону донишҷӯёни факулта баргузор гардид. 
Дар семинар устоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Қамар Шодиев дар мавзӯи «Манфиатҳои берунииқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Шодиев Қ. зимни баромад оид ба роҳҳои ҳамоҳангсозии манфиатҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ, таъмини бехатарии иқтисодӣ, оқилона воридшавӣ ба гурӯҳҳои интегратсионӣ ва ҷалби самараноки сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон гуфта гузашт. 
Гуфта шуд, ки барои таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми иқтисодиёти ҷаҳон ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии кишвар дар майдони бархӯрди манфиатҳо байни кишварҳои дорои иқтисодиёти тараққикарда ва рӯ ба тараққӣ Тоҷикистон бояд як қатор стратегияҳоро пеша кунад, аз қабили: ҷалби сармоягузориҳои мустақим ба соҳаҳои саноати коркард; сиёсати воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда; шомилшавӣ ба ҳамгироии ЕАЭС бо принсипи баробарҳуқуқӣ; сиёсати оқилонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва диверсификатсияи он; устувор намудани қурби асъори миллӣ; азхудкунии технологияҳои муосир дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва ғайра. 
Дар анҷом байни маърӯзачӣ ва устодону донишҷӯён музокира сурат гирифт. 


Нуралӣ Раҳимзода