Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамгироии иқтисодии ҷаҳон

Ҳамгироии иқтисодии ҷаҳон

Санаи 24-уми октябри соли ҷорӣ дар кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дарси кушоди муаллими калони кафедра Нуриддинов Суннатулло дар мавзӯи «Ҳамгироии иқтисодии ҷаҳон» баргузор гардид. Дар дарси кушод донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси иқтисоди ҷаҳон: Иброҳимов Ҳидоятулло дар мавзӯи «Ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Осиё», Пӯлотов Фаррух дар мавзӯи «Ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Аврупо» ва Мирганова Фарзона дар мавзӯи «Ҳамгироии иқтисодии Олмон» баромад намуданд. 
Дар баромадҳо оид ба раванди истеҳсолӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии ҳамгироии кишварҳои Осиё ва Аврупо маърӯза намуданд. Зимни баромад таъкид шуд, ки минтақаи ҳамгироии иқтисодии Осиё аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ бузургтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, масоҳати он 44579000 километр ва аҳолиаш ба 4,3 млрд баробар аст, ки ин теъдод 60%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар баробари ин дар байни иттиҳодияҳои интегратсионии иқтисодӣ аз рӯи дараҷаи якҷояшавӣ Иттиҳоди Аврупо дар ҷойи аввал аст, ки ба он 28 давлат аъзоанд, ки дорои 508.4 млн аҳолӣ мебошанд. 
Инчунин дар рафти баромад аз тарҷиба ва усулҳои интегратсияи иқтисодии кишвари Олмон, ки мақоми пешворо дар Иттиҳоди Аврупо иҷро менамояд, гуфта шуд. 
Дар охир донишҷӯён ва иштирокчиён байни худ муҳокимаҳо карда, истифода аз таҷрибаҳои интегратсияи иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ва роҳнадозии он дар иқтисодиёти кишварро дар оянда зарур ва саривақтӣ донистанд. 


Нуралӣ Раҳимзода