Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иқтидори содиротӣ ва роҳҳои рушди он

Иқтидори содиротӣ ва роҳҳои рушди он

25 октябри соли 2018 бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумруки факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ тибқи нақша- чорабиниҳои илмии кафедра семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Сараввал мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Абдукарим Муминов баромад карда, қайд намуд, ки мавзӯи мазкур яке аз самтҳои асоситарин барои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. 
Ҳалимхонов Зафар, ассистенти кафедраи мазкур дар баромадаш қайд кард, ки масъалаи баландбардории иқтидори содиротии мамлакат дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз мавзӯъҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Бинобар ин бояд тамоми имконоту шароити мавҷударо самаранок ва мақсаднок истифода намуда, ба ин васила иқтидори содиротии мамлакатро тавассути зиёд намудани молҳои ба содирот нигаронидашуда зиёд кард. 
Дар интиҳои семинар устоди кафедраи фаъолияти гумрукӣ Фарҳод Давлатов баромад намуд. Зикр гашт, ки баргузории пайвастаи чунин семинарҳо дар мавзӯъҳои актуалӣ барои рушди ин соҳа мусоидат менамояд. 


Н. Тӯйчизода