Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯён зидди нашъамандиянд

Донишҷӯён зидди нашъамандиянд

Бо ибтикори нуқтаи тиббӣ ва бо дастгирии раёсати корҳои тарбияи ДДМИТ санаи 25-уми октябри соли равон чорабинӣ дар мавзӯи «Нашъамандӣ ва зарари он» дар доираи иштироки васеи меҳмонон: Ҳайдаров Шералӣ, мутасаддӣ оид ба нашъмандӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Файзуллозода Шамсия, лейтенанти хурди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. 
Сараввал Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ суран ронда, паҳнкунандагону гирифторони ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи башарро маҳкум карда, ҳамаи ҷавонон ва муҳассилини муассисаро ба мубориза бар зидди нашъамандӣ даъват кард. Пас он ҳамшираи калони нуқтаи тиббӣ Меҳрона Ҳакимова дар мавзӯи «Нашъамандӣ ва зарари он» баромад намуда, ба ҳозирин аз оқибатҳои зараровар ва марговари ин беморӣ сухан ронд. Номбурда таъкид кард, ки ин бемориро «марги сафед» низ меноманд. Мавсуф аз мушкилот ва афзудани теъдоди гирифторони нашъамандӣ дар ҷаҳон, ки ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтаанд, изҳори нигаронӣ намуд. 
Дар идомаи чорабинӣ Халифзода Ҷовидон дар мавзӯи «Нашъамандӣ- вабои аср» баромад карда, доир ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна, Россияю Аврупо ва муборизаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди нашъамандӣ маълумот дод. Дар идома Файзуллозода Ш. баромад карда, қайд намуд, ки муолимоти ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаи муҳими байналмилалӣ буда, он бо ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, тиҷорати силоҳ, хариду фурӯши одамон, терроризм алоқаманд аст ва ба суботу амният ва рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба кишварҳои ҷаҳон таҳдид менамояд. 
- Соли 2017 дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 18 ҷиноят ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 820-тои он вобаста ба маводи мухаддир аст,– таъкид дошт Файзуллозода Ш. 
Дар охир, баҳри дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ тарбия кардани ҷавонон аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангию тарбиявӣ намоиш дода шуд. 


Нуралӣ Раҳимзода