Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дурнамои он

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дурнамои он

Маҳфили навбатии «Коршиноси иқтисодӣ», ки санаи 27-уми октябр барпо гардид, ба мавзӯи «Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо озуқавории баландсифат: ҳолат ва дурнамо аз нигоҳи коршинос» бахшида шуда буд. Дар маҳфил профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ Рустам Қудратов дар мавзӯи «Таъмини бехатарии озуқаворӣ ва рушди инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. 
Маҳфилро Ёрибек Тилабов - муовини сардори Раёсати илм ва инноватсия ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки «Коршиноси иқтисодӣ» пас аз танаффус аз нав таҷдид ёфт ва минбаъд бо барномаҳои ҷолиб ва баррасии мавзӯъҳои мубрами самтҳои гуногуни иқтисодӣ кори худро пеш хоҳад бурд. 
Профессор Р. Қудратов қайд намуд, ки барои таъмини рушди устувори миллӣ кишвар бояд аз хатарҳо эмин бошад. 17 ҳадафи асосии рушди устувор дар Стратегияи миллии рушди кишвар то давраи 2030 инъикоси худро ёфтаанд. Дастрасӣ ба ғизои хушсифат яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон имрӯз дар индекси рушди инсонӣ зинаи 169-умро соҳиб аст. Барномаи коркарди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2012-2020 қабул гаштааст, барои расидан ба ҳадафҳои мақсаднок мусоидат менамояд. 
- Мо 300 рӯзи офтобӣ дорем ва 57%-и обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Ин нишондодҳо ба мо имкон медиҳанд, ки барои таъмини бештари амнияти озуқаворӣ тадбирҳои мушаххас андешем, - афзуд Р. Қудратов. 
Мафҳуми «бехатарии озуқаворӣ» соли 1945 дар шаҳри Рим дар яке аз ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ расман пайдо шуда, қобилияти давлатро дар истеҳсоли худии маҳсулоти озуқаворӣ ифода мекунад. Дар поёни маҳфил музокирот сурат гирифт. 


Насрулло Тӯйчизода