Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози курси такмили ихтисоси молиячиён

Оғози курси такмили ихтисоси молиячиён

Рӯзи 27 октябри соли равон дар ДДМИТ курси махсуси такмили ихтисос барои сардорону мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. 
Тавре ки дар ифтитоҳи он ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода изҳор дошт, имрӯз ДДМИТ рейтинги худро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар устувор нигоҳ дошта, барои пешбурди самти молия ва иқтисод дар кишвар мусоидат менамояд. Ҳадафи асосии донишгоҳ омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти иқтисодиёт ва молия ба ҳисоб меравад. 
Фарида Муъминова, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шунавандагон дар мавзӯи «Рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои миллӣ ва минтақавӣ» баромад намуд. Номбурда афзуд, ки Вазорати молия яке аз ниҳодҳои калидии кишвар буда, баланд бардоштани малака ва маҳорати кормандони он барои пешрафти ин соҳа хеле зарур мебошад. 
Мавсуф, инчунин доир ба вазифаҳои асосии рушди сармояи инсонӣ дар давраи дарозмуддат ва афзалиятҳои он, рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи ислоҳоти низоми маориф ва илм, таъмини саломатии аҳолӣ дар чорчӯбаи сифати зиндагӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, коҳишдиҳии нобаробарии иҷтимоӣ ва ғайра иттилоъ дод. 
Мавриди зикр аст, ки курси такмили ихтисос давоми ду моҳ бо иштироки беҳтарин коршиносону мутахассисони варзидаи соҳа дар донишгоҳ ҷараён мегирад. Тибқи барнома Ашурбой Солеҳзода - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои иқтисодӣ, Умед Давлатзода- дотсент, коршиноси масоили иқтисодӣ, Лутфулло Саидмуродов - директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИҶТ, Лариса Курляндская - коршиноси Иттиҳоди Аврупо ва дигарон дар назди шунавандагон дар давоми курсҳои кутоҳмуддат маърузаҳо мехонанд. 


Насрулло Тӯйчизода