Хабарҳо
Донишҷӯӣ масъулияти баланд талаб мекунад
Сол то сол талабгорони мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод ба маротиб меафзояд ва инро мо дар иҷроиши нақшаи қабул дар донишгоҳ мушоҳида менамоем, ки 94,5% иҷро гардидааст ва он нисбат ба соли гузашта 2,1% зиёд мебошад.
Санаи 26-уми октябр аз тарафи садорати факултети молия ва қарз ба донишҷӯёни курсҳои якум билети донишҷӯӣ ва дафтарчаи имтиҳонот супорида шуд. Дар аввал декани факултет Ҳокимбек Сандалов ҳамаи донишҷӯёни соли аввалро барои сазовор шудан ба унвони донишҷӯӣ табрик намуда, масъулияти баланд доштанашонро таъкид кард.
Ҳар кас наметавонад ба унвони донишҷӯӣ сазовор гардид, танҳо нафарони доништалабу талошкор ба ин мақом соҳиб мешаванд. Донишҷӯ дар ҷомеа шахси аз дигарон бо одобу рафтор ва донишу малака фарқкунанда мебошад. Имрӯз билети донишҷӯӣ ва дафтарчаи имтиҳонот ба шумо тақдим мегардад ва он бояд масъулияти шуморо нисбат ба кор бурдану эҳтиёт кардани он зиёд гардонад. Насибатон гардад, ки рӯзе монанди имрӯз соҳиби дипломи олии ДДМИТ гардед.- таъкид дошт Сандалов Ҳ.
Пасон ба донишҷӯён аз ҷониби декан дафтарчаи имтиҳонӣ ва билети донишҷӯӣ супорида шуд.
Нуралӣ Раҳимзода