Хабарҳо
Арзёбии тақвияти худшиносии миллӣ
Рӯзи 30 октябри соли равон тибқи нақша чорабиниҳои муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилаи ҶТ дар донишгоҳ вохӯрӣ бо донишҷӯён гузаронида шуд.
Онро Амрулло Нурализода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим кушода, баргузории ин қабил чорабиниҳоро барои баланд бардоштани фарҳанги маънавӣ ва ҳуқуқии толибилмон муҳим арзёбӣ кард ва аз ҳамкориҳои судманд бо ин ниҳодҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.
Баъдан Шарифзода Нигора, нозири калони ВКД баромад карда, баргузории санҷиш ва чорабиниҳоро барои натиҷаи дилҳоҳ додани иҷроиши қонунҳои амалкунанда ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонон муҳим дониста, дар бораи вазъи ҳуқуқвайронкуниҳо маълумот дод.
Гуфта шуд, ки дар нӯҳ моҳи соли равон аз тарафи ҷавонон 3 ҳазору 908 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 322 ҷиноят кам аст ва ин натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дониста мешавад. Аз байни ин 55 ҳолати содир кардани ҷиноят ба донишҷӯён рост меояд, ки нисбати соли пешин 18 ҳолат зиёд аст. Боиси таассуф ва нигаронист, ки дар 9 моҳи соли равон ҳолати ба худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ кардан дар байни ҷавонон зиёд гардида, 84 ҳолатро (48 писарон, 36 духтарон) ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи санҷиши муштараки ниҳодҳои болозикр дар муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ 1 ҳазору 400 ҳолати бо мӯйи сари баланд ва риши дамида, 945 ҳолати дермонӣ ба дарс, 15 ҳолати риоя нагардидани талаботи либоси тавсиявӣ, 37 ҳолати бо мошини сабукрав ба дарс ҳозир шудан ба қайд гирифта шудааст, ки нигаронкунанда буда, барои беҳтар шудани вазъ мутасаддиёни самти тарбияи муассисаҳоро лозим аст, ки бо донишҷӯён корро ҷонноктар кунанд, афзуд Шарифзода Н.
Баъдан Мирзозода Абдуқодир, муовини сардори Раёсати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни наврасони ВКД ва Носирҷон Бӯриев, намояндаи Вазорати маориф ва илми ҶТ баромад карда, дар бораи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ андешаҳои хешро иброз доштанд. Гуфта шуд, ки омори расмӣ далолати он дорад, ки нисбат ба солҳои пешин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ коҳиш ёфтааст ва ин албатта, натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа мебошад. Имрӯзҳо 377 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доранд, ки ин ҳолат ба шаъни давлату миллат доғ меорад. Ифротгароӣ ин гумроҳист. Зери ниқоби дини мубини Ислом амалиёти террористӣ анҷом додан камоли беҳурматӣ нисбати дини сулҳпарвари Ислом буда, фиреби назар мебошад. Ҷиҳоди беҳтарин ин илмомӯзӣ, адои хизмати падару модар ва Ватан ва ҷиҳод бо нафси худ аст, гуфта шуд дар баромадҳо.
Баромадкунандагон донишҷӯёнро ба талаби илму дониш ва азхудкунии технологияҳои муосир даъват намуда, тақвияти худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии онҳоро муҳим арзёбӣ карданд.
Машҳура Абдуллоева