Хабарҳо
Иштирок дар Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ
Санаи 24-уми октябри соли 2018 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумитаи андоз, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷик Эйр» машварат гузаронида шуд. Дар ин Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ аз донишгоҳи мо мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ н.и.и, Муминов А.Б. иштирок намуд.
Дар ҷаласа Сардори хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Каримзода Хуршед Абдураҳмон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирӣ намудани соҳибкорон тавассути сода гардонидани расмиёти гумрукӣ сухан карда, ҳадафи асосии гузаронидани Шӯрои ҷамъиятиву машваратиро дар фароҳам овардани фазои мусоид баҳри рушди тиҷорат ва дастгирии соҳибкорони ватанию хориҷӣ маънидод кард.
Муминов Абдукарим, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ, н.и.и., дотсент