Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ дар кишоварзӣ

Истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ дар кишоварзӣ

Дар факултети молия ва қарзи донишгоҳ семинари илмии навбатии кафедраи молия дар мавзӯи «Самаранок истифодабарии захираҳои молиявӣ дар соҳаи кишоварзии мамлакат» баргузор гардид. Дар баргузории кори семинар аз ҷониби устоди кафедра, дотсент А. Хоҷахонов маърӯза пешниҳод гардид. 
Қайд гардид, ки яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад, ки он аз самаранок истифодабарии захираҳои молиявии кишоварзону мутасаддиёни соҳа вобастагии калон дорад. Кишоварзони мамлакат аз самаранок истифодабарии захираҳои молиявӣ дар соли 2014 -16078,2 ҳазор сомонӣ, соли 2015 -14176,9 ҳазор сомонӣ ва соли 2016 -19708,9 ҳазор сомонӣ фоида гирифтанд, назар ба соли 2014 фоиданокии соҳа 12,2 % афзун шудааст. 
Дар охири баромад барои самаранок истифодабарии молия дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳодҳои мушаххас, аз қабили аз ҷониби давлат ҷудо кардани маблағҳои ҳавасмандӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани замин аз ҷониби деҳқонон, ба роҳ мондани қарзҳои имтиёзноки кишоварзӣ, ки на зиёда аз 10%-и солона бошад, ироа гардид. Ҳамзамон изҳор гашт, ки ширкатҳои суғуртавии мамлакат низ дар назди қарзгирандагони кишоварзӣ бетараф набошанд ва дар вақти сар задани офатҳои табиӣ ба онҳо кумаки бевоситаи худро расонанд. 
Дар анҷоми семинар устодони кафедраи молия, аз ҷумла мудири кафедра дотсент Х. Давлатов ва профессор А. Бегматов оид ба мавзӯи матраҳшуда муҳокимаронӣ намуданд. 


Насрулло Тӯйчизода