Хабарҳо
Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги сайёҳист
31 октябр дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили илмӣ таҳти мавзӯи «Таъсири туризми байналхалқӣ дар муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ» доир шуд.
Шодиев Қ.С., муовини декан оид ба илм чорабиниро оғоз намуда, ҳозиринро бо барномаи маҳфил ошно намуд. Инчунин қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Сипас, донишҷӯи соли якуми гурӯҳи тоҷикӣ Саидалӣ Саидалиев дар мавзӯи «Сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, қайд кард, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар буда, солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази калони туризм табдил хоҳад ёфт.
Баъдан донишҷӯи курси якуми гурӯҳи тоҷикӣ Муҳаммадсафар Наимов дар мавзуи “The Potential of development Tajikistan tourism targeted at European consumers” баромад намуд. Дар маърӯза зикр гардид, ки имрӯз шароитҳои лозима барои рушди ин соҳа фароҳам омадааст, зеро Тоҷикистон имконияти ривоҷ додани ҳамаи намудҳои туризмро доро мебошад. Дар миқёси ҷаҳон калонтарин ва бузургтарин пиряхҳо танҳо дар кӯҳҳои Помир мавҷуданд. Фарҳанги воло, урфу анъанаҳои миллӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва фарҳангӣ, ҷойҳои зиёди сайру сайёҳат, обҳои тозатарин иқтидори бузургеро барои ҷалби сайёҳон фароҳам меорад.
Насрулло Тӯйчизода