Хабарҳо
Такмили механизми иқтисодию хоҷагидорӣ
Рӯзи 31-уми октябр дар факултети ҳисобдорӣ ва омор бо иштироки ҳайати устодон ва донишҷӯён зермаҳфили “Зеҳн” дар мавзӯи “Механизми иқтисодӣ-хоҷагидорӣ ва такмили он дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ” баргузор гардид.
Нахуст декани факултет, дотсент Б. Ҷӯрахонзода ба актуалӣ будани мавзӯи маҳфил ишора намуда, иброз дошт, ки дар нақшаи зермаҳфили «Зеҳн»-и факултети ҳисобдорӣ ва омор барои соли таҳсили 2018-2019 чун солҳои гузашта мавзӯъҳои рӯзмарра мавриди таҳлил ва омӯзиши мутахассисони соҳа қарор дода мешавад.
Рушди заифи корхонаҳои саноатӣ ва ҳатто набудани қисме аз онҳо, ки бояд барои корхонаҳои аграрӣ техника ва воситаҳои заруриро истеҳсол намоянд, инчунин болоравии нархи хариди воситаҳои истеҳсолии таъйиноти кишоварзидошта, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда сабаби суст ва ғайрисамаранок фаъолият кардани соҳаҳои комплекси агросаноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ гардид, - афзуд ӯ.
Дар идома маърӯзачии маҳфили илмӣ д.и.и., профессори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Зариф Шарифов оид ба мавзӯи маҳфили илмӣ гузориши муфассал пешниҳод намуда, самтҳои ба мавзӯи матраҳшаванда вобастаро мавриди баррасӣ қарор дод.
Сарчашмаи маълумоти пешниҳоднамудаи маърӯзачиро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 сол ва Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ташкил медоданд.
Профессор З. Шарифов татбиқи супоришҳои Роҳбари давлат ва Стратегияи милли рушдро роҳи ҳалли мушкилоти механизми иқтисодӣ-хоҷагидории амалкунанда маънидод намуд.
Дар рафти музокира устодон ва донишҷӯён фаъолона ба саволҳои пешниҳодкарда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар анҷоми маҳфил декани факултет Б. Ҷӯрахонзода ба ҳозирин баҳри ташкили фазои солими илмӣ миннатдорӣ баён карда, таъкид дошт, ки устодон ва донишҷӯёнро зарур аст то дар ҳама чорабиниҳои илмӣ фаъолона иштирок намоянд.
Раҷабалӣ Саидов, котиби зермаҳфили “Зеҳн”-и факултет