Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Методологияи таҳияи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Методологияи таҳияи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Маҳфили навбатии илмӣ-тарбиявии «Фарҳангдӯст», ки ба таври мунтазам бо ибтикори кафедраи фанҳои гуманитарӣ доир мешавад, ин навбат ба мавзӯи «Баъзе масъалаҳои методологии таҳияи корҳои илмию тадқиқотӣ» бахшида шуд. Он 31 октябр барпо шуда, профессор Ғуломҷон Мирзоев дар мавзӯи зикршуда баромад намуд. Маҳфилро Ёрибек Тилабов- муовини сардори Раёсати илм ва инноватсия ифтитоҳ намуд. Инчунин намояндагони хадамоти назорат дар соҳаи маориф дар маҳфили мазкур ширкат варзиданд. 
Дар маърӯза зикр гардид, ки Президенти кишвар доимо таъкид месозанд, ки мутахассисони ҷавон ба илму техника ва навгониҳо бояд таваҷҷуҳи хос дошта бошанд. Имрӯз дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ оид ба илми тоҷик сару садоҳои гуногун ба мушоҳида мерасанд. Яке аз камбудиҳои асосии мо он аст, ки забони давлатиамонро ба таври кофӣ намедонем ва доир ба нозукиҳои забон ва ҳусни баён бепарво ҳастем. Ҳамагуна фаъолият ва илм тавассути забон ифода меёбад. Инчунин муҳаққиқони ҷавон бояд дастгоҳи илмии таҳқиқоти худро таҳия карда тавонанд, - зикр намуд Ғ. Мирзоев. 
Дар охир, ба муҳаққиқону омӯзгорони ҷавон тавсия дода шуд, ки зимни иншои мақолаҳои илмӣ ба талаботҳои ҷойдоштаи нашрияҳо, ба монанди тартиб додани калидвожа ва аннотатсия, иқтибосоварӣ ва таҳияи тартиби адабиётро риоя намуда, дар пешбурди илм дар ҷомеа саҳмгузор бошанд. 


Насрулло Тӯйчизода