Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯи ДДМИТ савозори ду ҷой гашт

Донишҷӯи ДДМИТ савозори ду ҷой гашт

Баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва соҳиби ҷойҳои намоён гаштани донишҷӯёни ДДМИТ мавқею нуфузи донишгоҳро рӯз то рӯз боло мебарад. Айнан яке аз чунин чорбиниҳои варзишӣ санаи 27-уми октябри соли ҷорӣ мусобиқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Шотокан Каратэ-до S.K.I.F дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар мусобиқа Оятулло Қодиров, донишҷӯи курси 3, ихтисоси хадамоти гумруки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ иштирок карда, сазовори ҷойи якуми кумите-даставӣ ва ҷойи дуюми кумите гардид. 
Ёдовар бояд шуд, ки мусобиқа бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии маркази рушди Шотокан Каратэ-до S.K.I.F ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон аз ҷониби раиси Ташкилоти ҷамъиятии маркази рушди Шотокан Каратэ-до S.K.I.F Мирзоев М. медал ва ифтихорнома супорида шуд. 


Нуралӣ Раҳимзода