Хабарҳо
Амнияти иқтисодӣ барои таъмини рушд
Чӣ тавре, ки иттилоъ дода будем, ҳафтаи гузашта дар ДДМИТ курси махсуси такмили ихтисос барои сардорону мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати молияи Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд. 3 ноябр дар донишгоҳ Ашурбой Солеҳзода - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди шунавандагон бо маърузаи худ баромад намуда, оид ба манфиатҳои иқтисодии миллӣ, амнияти иқтисодӣ, таъмини зиндагии шоиста ва омилҳои дигари рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар аз такя ба манфиатҳои миллӣ сарчашма мегирад. Аз ин хотир, ҳар фарди ҷомеаро лозим аст, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсии худ боло гузорад.
Инчунин, дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён доир ба таъмини зиндагии шоиста андешаҳои худро баён намуданд.
Мавриди зикр аст, ки курси такмили ихтисос давоми ду моҳ бо иштироки беҳтарин коршиносону мутахассисони варзидаи соҳа дар донишгоҳ ҷараён мегирад.
Н. Туйчизода