Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳолати бозори суғуртавӣ дар кишвар

Ҳолати бозори суғуртавӣ дар кишвар

Маҳфили навбатии «Иқтисод ва ҷомеа» дар ҳамбастагӣ бо маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ» ин навбат ба мавзӯи «Ҳолати бозори суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда, алоқамандии илм ва истеҳсолотро аз тариқи фишанги суғуртавӣ баррасӣ намуд. 
Дар маҳфил И. Аминов, мушовири аввали ҶДММ «Суғуртаи аввалини миллӣ», декани факултети иқтисод ва бизнес Э. Шералиев, мудири кафедраи суғурта С. Маъдиев ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. 
Идрис Аминов дар баромади худ қайд намуд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ташкилоти суғуртавӣ фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2 ташкилоти давлатӣ ва 17 ташкилоти ғайридавлатӣ мебошад. Се шакли суғурта - суғуртаи ҳатмӣ, суғуртаи ҳатмии давлатӣ ва суғуртаи ихтиёрӣ вуҷуд дорад. 
Зикр гардид, ки ташкили ассотсиатсияи суғуртакунандагон барои пешбурди соҳаи суғурта басо муҳим буда, баҳри масъалагузорӣ ва ҳалли муаммоҳои суғурта дар сатҳҳои гуногун мусоидат мекунад. Дар охири маҳфил байни иштирокчиён мубоҳиса ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 
Чорабинии мазкур давоми бевоситаи силсилабаромадҳо ва алоқамандии назария ва амалия дар робита ба масъалаҳои суғурта ва ҳамкорӣ бо созмонҳои суғуртавӣ мебошад. 


Насрулло Тӯйчизода