Хабарҳо
Таҷлили рӯзи Конститутсия дар донишгоҳ
Рӯзи 5-уми ноябри соли равон дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ. чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамагонро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт. Инчунин, доир ба аҳамияти қонуни асосии кишвар ва афзалиятҳои он маърӯза намуд. Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар қатори панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон ҷой гирифтааст, ки ин боиси ифтихори ҳамагон мебошад. Дар ин росто, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Конститутсия ба ҷумлаи беҳтарин санадҳо дохил шуда, мабдаъҳои ҷавҳариаш нахустасоси таъминкунандаи ҳаёти осудаи мардуми кишвар ва рушди муттасили соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба шумор меравад.
- Ҳамагон ҷиҳати амалигардонии меъёрҳои шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баландбардории маърифати ҳуқуқию иқтисодии шаҳрвандон кӯшиш бояд кунем, гуфт дар охир ректор.
Баъдан Ҷамрод Бобоев, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Мавсуф дар баромади худ зикр намуд, ки Конститутсия яке аз дастовардҳои беназири кишвар буда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат мекунад. Конститутсияи кишвар бо роҳи райъпурсӣ қабул гардида, фарогири манфиатҳои мардуми кишвар аст. Инчунин, он дуюмин конститутсияи бо роҳи райъпурсӣ қабулшуда дар ҳудуди кишварҳои ИДМ мебошад.
Сипас маърӯзаи донишҷӯи курси 3, факултети иқтисод ва бизнес Фаррух Бобомуродзода дар мавзӯи «Конститутсия - бахтномаи миллат» шунида шуд.
Бахши фарҳангии донишгоҳ бошад, дастагули рангини консертиро бо роҳбарии мудири бахши фарҳанг Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар пешниҳоди ҳозирин намуд, ки он аз суруду тарона ва шеърҳо дар васфи Ватан ва муқаддасоти миллӣ иборат буд. Дар баргузории чорабинии фарҳангӣ донишҷӯёни зерин Руҳина Шокирова, Комрон Одинаев, Хисрав Бекзода, Амирҳамза Раҳимов ва дигарон иштироки фаъолона доштанд.
Ҳамин тавр, чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати комили миллӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Насрулло Тӯйчизода