Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Онлайн-конференсияи байналхалқӣ доир гардид

Онлайн-конференсияи байналхалқӣ доир гардид

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ санаи 2-юми ноябри соли равон байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи муҳандисӣ - техникии Екибастуз ба номи академик К.Сатпаеви Ҷумҳурии Қазоқистон онлайн - конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои рушди сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор карда шуд. 
Онлайн-конференсияро аз ҷониби ДДМИТ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилмилалӣ Қодиров Ф.А. ва аз ҷониби ДМТЕ ба номи академик К.Сатпаев муовини ректори оид ба илм Камбаров Ж.К. ҳусни оғоз бахшида, муҳиммияти ташкили чунин чорабиниҳо ва мубрам будани масоили рушди сайёҳиро дар Осиёи Марказӣ таъкид намуданд. 
Дар конференсия Ақдодова Нилуфар - докторант PhD - и кафедраи менеҷменти ДДМИТ дар мавзӯи «Иқтидори минтақавии рушди агротуризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Каримов Ашурбой - магистранти курси дуюми ДДМИТ дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ – омили пешрафти иқтисодиёт», доктор PhD, н.и.и., профессори ДМТЕ ба номи академик К.Сатпаев Амержанова Динара дар мавзӯи «Мушкилоти муосир ва дурнамои рушди сайёҳӣ» ва дотсенти кафедраи иқтисод ва менеҷменти ДМТЕ ба номи академик К.Сатпаев Диба Елена дар мавзӯи «Сайёҳии иҷтимоӣ ва маросимӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон» баромад намуданд. 
Дар рафти онлайн-конференсия ва зимни баррасии натиҷаҳои он муҳокима ва музокираи судманд баргузор гардида, иштирокчиёни он оид ба ташаккули кооператсияи илмӣ ва амалӣ ҷиҳати баррасии масоили мубрами рушди сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба мувофиқа расиданд.