Хабарҳо
Таҳлил ва баҳогузорӣ
Санаи 3-юми ноябри соли равон дар кафедраи таҳлили иқтисодии факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ дарси кушоди профессор Рустам Қудратов дар мавзӯи «Таҳлил ва баҳогузории фаъолнокии корӣ. Баҳисобгирӣ ва таҳлили сикли молиявӣ» баргузор гардид.
Қудратов Р. зимни баромад вобаста ба мавзӯи таҳлил ва баҳогузорӣ дар соҳаи саноат баромад намуда, таъкид дошт, ки имрӯз маблағгузории бонкҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд шуда, фоизнокии қарзашон низ дар даҳ сол ба 1.5 % баробар шудааст. Дар соли 2018 Тоҷикистон қарзи берунаи худро, ки 405 миллион доллар ташкил медод, пардохтааст. Имрӯз буҷети ҷумҳурӣ қобилияти пардохтпазирии ҳамаи қарзҳоро дорад ва ин имкон дод, ки акнун бонкҳои ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон қарзҳои бефоиз диҳанд. Ногуфта намонад, ки кишвар шуруъ аз соли 1996 фурӯши пахтаро ба тарзи биржаи ливерпулии Лондон ба роҳ монд, ки ин навъи фурӯш 10 намуди маблағгузорӣ дорад.
Инчунин зимни баргузории дарси кушод саволу музокираҳо сурат гирифта, мушкилоти баландбардории сифати истеҳсолот ва ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ муҳокима шуд.
Нуралӣ Раҳимзода