Хабарҳо
Конститутсия - бахтномаи миллат
Санаи 5-уми ноябр бахшида ба истиқболи 24-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи таҳлили иқтисодии факултети ҳисобдорӣ ва омор вохӯрии судяҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ судяҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Шамсиддин Темурзода, Парвиз Мирзозода ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода Қувватҷон ва Ҳамроқулзода Борбад иштирок доштанд.
Ҳалимзода Қ. зимни баромад дар рафти вохӯрӣ ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Конститутсия табрик намуда, таъкид дошт, ки санаи 6-уми ноябри соли 1996 дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик рӯзи фаромушнашаванда сабт гардидааст, зеро дар ин рӯз бахтномаи миллат тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гардид, ки минбаъд фаъолияти муносибатҳои ҷамъиятиро ҳамчун қонуни асосӣ ба танзим медарорад.
Пас аз он Ҳамроқулзода Б. оид ба тағйирот ва фарқияти конститутсия аз дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, зимни баромад иброз дошт, ки сабаби асосии тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани конститутсия, ин ба танзими қонунӣ даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, зеро фаъолияти ҷамъиятӣ шахношуда буда, тағйир меёбад. Яке аз хусусиятҳои асосии фарқкунандаи конститутсия аз дигар қонунҳои амалкунанда дар он аст, ки мутобиқи моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.
Дар охири вохӯрӣ байни баромадкунандагон ва донишҷӯён саволу ҷавоб ва муҳокимаҳо вобаста ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва меъёру талаботи он сурат гирифт.
Нуралӣ Раҳимзода