Хабарҳо
Саёҳат ба Қалъаи Ҳисор
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола соли 2018-ро дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Тоҷикистони биҳиштосои мо бо табиати нотакрор ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ диққати сайёҳонро ба худ ҷалб месозад. Яке аз гӯшаҳои дилфиребу дилрабои кишварамон шаҳри Ҳисор мебошад.
Вобаста ба ин барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни курси 1, ихтисоси идораи давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ тибқи нақша-чорабиниҳои гурӯҳ санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ ба шаҳри Ҳисори бостонӣ ба мавзеи Қалъаи Ҳисор сафар намуданд.
Дар раванди сафар донишҷӯён аз Осорхонаи Қалъаи Ҳисор дидан карда, вобаста ба ёдгориҳои таърихии мавҷудбуда ба мутасаддиёни осорхона саволҳо пешниҳод намуданд.
Мақсади асосии сафар ин, пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани савияи дониш, малакаву маҳорати илмомӯзӣ ва дар ҳамин замина шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихӣ ва маконҳои сайёҳии кишвар мебошад.
Ҷовидон Халифазода, куратори гурӯҳ