Хабарҳо
Таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ
7 ноябри соли равон дар донишгоҳ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифат (ЕККА) семинари омӯзишӣ доир гардид. Онро Ҳ. Саидов- намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки семинари мазкур тӯли ду рӯз барои кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода доир мегардад.
Намояндагони оҷонсӣ докторон Хели Маттисен ва Майки Удам аз Эстония дар мавзӯи «Таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ» маърӯза пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки Эстония кишвари хурд буда, ҳамагӣ 1,3 миллион аҳолӣ дорад ва дар қаламрави кишвар 20 донишгоҳ бо фарогирии 48 000 донишҷӯ фаъолият мебарад. Вазифаи асосии ин оҷонсӣ аз дастгирии рушди сифатнокӣ дар самти маориф ва рақобатпазирӣ дар ҷомеаи эстонӣ мебошад. Инчунин, яке аз ҳадафҳои ин созмон татбиқи идоракунии пурсамари ҳукумати электронӣ мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ сатҳи таҳсилоти олӣ дар Эстония ва Тоҷикистон, масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта ва омилу дурнамои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур дар асоси татбиқи лоиҳа роҳандозӣ гардида, барои шинос кардани ҳадаф ва муҳтавои стандартҳои аврупоии принсипҳои роҳбарӣ дар асоси принсипи Болонӣ, дарк намудани тавсияҳо оид ба назорати сифат дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин ҷиҳати таҳлил кардани ҷанбаҳои пурқувват ва самтҳои барои такмили таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон мусоидаткунанда ва низоми таъминоти сифат дар асоси ESG (Стандартҳои аврупоӣ ва принсипҳои идоракунӣ) ташкил карда шудааст.
Насрулло Тӯйчизода