Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бехатарии озуқаворӣ ва рушди инноватсияи агросаноатӣ

Бехатарии озуқаворӣ ва рушди инноватсияи агросаноатӣ

10 ноябр дар курси навбатии махсуси такмили ихтисос барои сардорону мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати молияи Чумҳурии Тоҷикистон профессор Рустам Қудратов дар мавзӯи «Таъмини бехатарии озуқаворӣ ва рушди инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Таъмини рушди устувори кишвар аз интихоби принсипҳои илман асоснокшудаи заминавии тарақкиёти минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ ва ҷомеа сарчашма мегирад. Қайд гардид, ки барои таъмини рушди устувори миллӣ кишвар бояд аз хатарҳо эмин бошад. 17 ҳадафи асосии рушди устувор дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 инъикоси худро ёфтаанд. Дастрасӣ ба ғизои хушсифат яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Барномаи коркарди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2012-2020 қабул гардидааст, барои расидан ба ҳадафҳои мақсаднок мусоидат мекунад. 
Иштирокчиён ба 5 гурӯҳ тақсим шуда, доир ба мавзӯъҳои гуногуни ин соҳа, аз ҷумла нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, банақшагирии буҷетӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра фикрҳои худро изҳор доштанд. 
Инчунин, вобаста ба баромадҳо саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифт. 


Н. Тӯйчизода