Хабарҳо
Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон
Ҳар як фарди соҳибҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи истеъмолиашро дорад ва ин ҳуқуқро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба танзим медарорад. Ҳеҷ як нафарро аз истифодаи ин ҳуқуқ маҳрум кардан мумкин нест.- гуфта шуд, зимни баргузории вохӯрии намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ. Вохӯрӣ санаи 9-уми ноябр бо иштироки сармутахссисони Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ Рустам Қурбонов ва Насим Бозоров, сармутахассиси Раёсати ҳимоя ва рушди рақобат Раҷабалӣ Маҳсиддинов, корманди раёсати танзими инҳисороти табиӣ Ризо Бобораҷабов, сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ Субҳон Абдуллоев ва кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Юнусов ва Меҳроҷиддин Нозимзода доир гардид.
Зимни вохӯрӣ Насим Бозоров вобаста ба ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» баромад намуда, таъкид дошт, ки қонуни мазкур санади меъёрии ҳуқуқии муҳим мебошад, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ба танзим медарорад ва давлат дар ҳимояи ин ҳуқуқ кафолат медиҳад. Ҳар як шахси новобаста аз табақааш дар ҷомеа зиндагикунанда, ҳамчун истеъмолкунанда дониста мешавад ва зарур бояд шуморид, ки ҳуқуқи ҳар яки онҳоро қонун ба ҳимоя ва танзим дарорад.
Дар охири вохӯрӣ вобаста ба мавзӯи марбута байни иштирокдорон ва мутахассисони хадамот саволу ҷавоб сурат гирифт.
Нуралӣ Раҳимзода