Хабарҳо
Ташрифи донишҷӯёни қирғиз ба ДДМИТ
Баҳри рушди ҳамкорӣ ва мустаҳкамгардонии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи маориф ва илм ҳар сол донишҷӯёни ҳар ду ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя барои таҳсилот мувофиқи шартномаи байниҳукуматӣ дар муассисаҳои олии кишварҳо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Донишгоҳи далатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии кишвар дар омодакунии кадрҳои соҳаи молия ва иқтисод баҳри амалигардонии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи маориф ва илм бо Донишгоҳи давлатии Ош ҳамкориро ба роҳ мондааст. Бо мувофиқаи ризоияти ректори Донишгохи давлатии Ош Исакова Каныбека ва ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло барои ҳамкории байнидонишгоҳӣ донишҷӯёни ДДО барои таҳсилоти фосилавӣ аз 12-уми ноябр то 2-юми декабри соли 2018 ба ДДМИТ омаданд. Ҳайати донишҷӯён аз панҷ нафар: Алимбек кызы Бактыгуль, Торонбеков Доолат, Абдирашид уулу Арсен ихтисосашон иқтисод ва идораи корхонаҳо, Анарбаева Толгонай ихтисоси молия ва қарз ва Ильяс кызы Асен ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит иборатанд.
Ҳамкориҳои ДДМИТ бо муассисаҳои олии кишварҳои ҷаҳон, хусусан Осиёи Марказӣ сол то сол мустаҳкам гардида истодааст. Ногуфта намонад, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳайати устодону донишҷӯёни қазоқ низ ба ДДМИТ ташриф оварда буданд.
Нуралӣ Раҳимзода