Хабарҳо
Арҷгузорӣ ба Президент дар Рӯзи Президент
Рӯзи 14 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз вазорату ташкилотҳо чорабинии тантанавии пуршукуҳ баргузор гардид. Дар он муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён иштирок ва суханронӣ намуд.
Чорабиниро ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ кушода, аҳли нишастро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати якуми иншооти аср - Неругоҳи барқи обии Роғун муборакбод гуфт. Ректор зимни суханронӣ аҳамияти таҷлили ин ҷашнҳоро махсус таъкид дошта, гуфт, ки дар печидатарину ҳассостарин лаҳзаи таърихи давлатдории тоҷикон ба майдони сиёсат ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон барои миллати мо ҳадяи тақдир ва муваффақияти хоссест. Зеро ба шарофати хиради азалӣ, бебокии сиёсӣ, иродаи матин, вижагии ахлоқӣ ва истеъдоди фардии ин шахсият Тоҷикистон аз хатари пора шудану ба нобудӣ расидан раҳо ёфт ва дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тамоми вижагиҳои давлати мустақил ва устувортарин низоми сиёсиро соҳиб гардид.
- Дар тӯли 27 соли истиқлолияти давлатӣ як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуданд, ки дар амалисозии ин корҳо, бешак, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас аст, гуфт ректор.
Мавсуф ҷашн гирифтани Рӯзи Президентро як навъ арҷгузорӣ ва эҳтирому эътирофи хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард ва дар таҷрибаи корӣ истифода бурдани дониш, малака ва таҷрибаи Роҳбари давлати моро аз тарафи аҳли ҷомеаи ҷаҳон нишони эътибори ҷаҳонӣ доштани Эмомалӣ Раҳмон донист.
Баъдан Ҷамшед Нурмаҳмадиён баромад карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ҷашнҳо таҳният гуфт ва дар бораи хизматҳои шоёни Пешвои миллат ва аҳамияти иқтисодии Неругоҳи барқи обии Роғун истода гузашт. Мавсуф қайд намуд, ки маҳз бо ташаббус, дастгирӣ ва зери назорати шахсии Пешвои муаззами миллат ин иншооти бузурги аср сохта шуд, ки аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дорад, зеро истеҳсоли барқи арзон барои рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба густариши ҳамкории байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ дар самти содироти он мусоидат менамояд. Инчунин аҳамияти минтақавӣ ва глобалии НБО Роғун низ дида мешавад, зеро азхудкунии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки минтақа бо неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин гардад. Ҳамин тавр, ин иншооти муҳимми стратегӣ барои амалишавии ормонҳои мардум замина мегузорад, гуфт дар охир Нурмаҳмадиён Ҷ.
Сипас дар чорабинӣ ба якчанд нафар корманди фаъол, аз ҷумла Муродов Диловаршо, Мақсудшоева Зуҳайлия ва Сафаров Илҳом барои фаъолияти бенуқсон ва пурсамар Ифтихорномаи донишгоҳ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи Президент дар донишгоҳ дар байни устодон мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ректори ДДМИТ аз 1 то 13 ноябр доир гардида буд, ки дар он 8 даста иштирок намуд. Ғолибони ин мусобиқа дар ин ҷамъомад қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамин тавр, Дипломи дараҷаи 1, Ҷоми ректор ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 ҳазор сомонӣ насиби дастаи раёсати донишгоҳ, Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ба дастаи факултети иқтисод ва бизнес, Дипломи дараҷаи 3 ва 500 сомонӣ насиби дастаи факултети ҳисобдорӣ ва омор гардид.
Дар охири ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби дастаи ҳаваскорони санъати ансамбли “Ҷавонӣ”-и донишгоҳ барномаи консертӣ пешниҳод гардид. Барнома фарогири мавзӯъҳои Пешвои миллат, Ватан ва Тоҷикистон буд, ки муҳаббату садоқати ҷавононро нисбат ба ин муқаддасот таҷассум менамуд.
Машҳура Абдуллоева