Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Парчам - рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ

Парчам - рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ

Бахшида ба рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 ноябр бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ маҳфили навбатии «Рӯзгорон» барпо гардид. Муовини сардори Раёсати илм ва инноватсия Ё. Тилабов ва мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Х. Насриддинов чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба Парчами миллӣ ҳамчун рукни муқаддаси давлатдорӣ андешаронӣ намуданд. 
Сипас дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши парчами ориёиҳо» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Зикр гардид, ки ҳамасола дар кишвар 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил гашта, он ифодагари орзую омоли мардум ва рамзи давлатдорӣ мебошад. Маҳз Коваи оҳангар буд, ки мардумро бо парчамаш ба азму талош ва ҳифзи ҳуқуқҳои хеш даъват намуд. Бозёфтҳои қадима гувоҳи онанд, ки дирафш аз азал ҳамчун ифодагари манфиатҳои мардум дар шакли металл ва бадтар матоъ вуҷуд дошт. 
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст оварда, пас аз 5 моҳ ба узвияти СММ пазируфта шуд. Вале он замон низ парчами миллӣ тасдиқ нагашта буд. Барои интихоби парчами миллӣ озмуни калон доир шуд, ки ба он 200 лоиҳа пешниҳод гашта буд. Имрӯз Парчами Тоҷикистон дар кулли муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшон буда, ифодагари озодию оромӣ ва сарсабзии кишвар аст. 
Дар фарҷоми маҳфил музокираҳо сурат гирифт, ки дар он устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва донишҷуён фаъолона ширкат варзиданд. 


Насрулло Тӯйчизода