Хабарҳо
Парчами давлатӣ дар ДДМИТ парафшон гашт
Имрӯз, 17 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тантана ва ид аст. Бахшида ба Рӯзи Президент, истифодабарии агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардид ва бинои нави сеошёна мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии Парчами давлатӣ ва бинои нав Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зарина Файзуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок доштанд.
Намояндагони ҳукуматӣ аз бинои навбунёд, утоқҳои корӣ ва марказҳои тестӣ дидан карданд ва бо устодону кормандон ва донишҷӯён суҳбат карда, барои пешбурди пурсамари фаъолияти минбаъда дар тамоми самтҳо пешниҳоду таклифҳои судманд доданд.
Дар ошёнаи якуми бино ду маркази тестӣ - маркази тестии №1 барои 90 ҷой ва маркази тестии №2 барои 92 ҷой бо компютер насб гардидааст, ки дар онҳо донишҷӯён имтиҳоноти давриро месупоранд. Ҳамчунин синфхонаи компютерӣ бо 20 адад компютер-моноблокҳои замонавӣ дар назди кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт кушода шуд, ки дар он донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи кафедра ва факултет дарсҳои ихтисосӣ мегузаранд.
Тавре гуфтем, бинои навбунёд аз 16 утоқи корӣ иборат буда, дар он кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, шуъбаи табъу нашр ва бунгоҳи тиббӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи дуюм 4 кафедра - кафедраҳои назарияи иқтисодӣ, забони тоҷикӣ, фанҳои гуманитарӣ, фанҳои табиатшиносӣ, бунгоҳи тиббӣ ҷой гирифтаанд. Дар ошёнаи сеюм бошад, кафедраҳои математикаи олӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ ва шуъбаи табъу нашр ҷой гирифтаанд. Утоқҳои корӣ барҳаво буда, бо сифати баланд таъмир ва сохта шудааст, инчунин бо таҷҳизоти лозима, аз ҷумла компютерҳои замонавии бо хати Интернет пайваст ҷиҳозонида шудаанд. Аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ барои муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ ба намояндагони ҳукуматӣ изҳори миннатдорӣ намуда, барои дар оянда фаъолиятро дар самтҳои таълиму тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалӣ ҷоннок намудан муваззаф гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аввалин шуда, Парчами давлатӣ бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ парафшон карда шуд. Баландии Парчами давлатии насбшуда 20 метрро дар бар гирифта, бараш 3 метр ва дарозиаш 6 метр мебошад. Насби Парчами давлатӣ дар таълимгоҳ масъулияти аҳли коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯёнро боз ҳам баландтар менамояд.
Машҳура Абдуллоева