Хабарҳо
Ҳадафҳои рушди устувор
Ҳафтаи чаҳорум аст, ки бо мақсади такмили дараҷаи тахассусии кормандони мақомоти молия курсҳои такмили ихтисос дар ДДМИТ доир шуда истодааст.
Санаи 17-уми ноябр бо иштироки директори филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Давлатзод ва кормандони мақомоти молия дар мавзӯи «Ҳадафҳои рушди устувор ва инъикоси онҳо дар СМР – 2030» курс баргузор гардид. Умед Давлатзод зимни баромад оид ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2020, хусусиятҳо ва марҳилаҳои амалисозии асосии СМР-2030, ҳадафҳои стратегии СМР-2030, механизми ҳамоҳангсозӣ ва низоми мониторинг ва арзёбии ҲРУ/СМР/БМР, раванди милликунонии ҲРУ, ҳисоботи миллӣ, сохтори таҳияи Ҳисоботи миллӣ оид ба алоқамандии ҲРУ бо ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва миқёси дараҷаи алоқамандии байниҳамдигарии ҲРУ дар Тоҷикистон баромад намуда, мушкилот ва дурнамо, роҳҳои ҳалли он ва пешгирӣ аз буҳрони бекорӣ дар миқёси ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар охир байни кормандон ва коршиноси иқтисодӣ саволу ҷавоб ва муҳокима сурат гирифт.
Нуралӣ Раҳимзода