Хабарҳо
Баррасии мушкилоти бонкӣ
Санаи 15-уми ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари илмии доимоамалкунандаи донишҷӯён дар доираи мушкилоти имрӯзаи низоми пардохти бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинар донишҷӯёни курси 4, ихтисоси кори бонкӣ Раҷабов Мансур ва Назарзода М. дар мавзӯи «Мушкилоти имрӯзаи низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъалаҳои устувории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити буҳрон» баромад намуданд. Донишҷӯён зимни баромад оид ба ҷанбаҳои амалӣ ва назариявии мушкилоти низоми пардохтӣ ва низоми бонкӣ маърӯза намуданд. Инчунин зимни баромад гуфта шуд, ки имрӯз дар низоми бонкии кишвар як қатор мушкилот ҷой дорад, ки онҳо метавонанд ба боварии мизоҷон нисбат ба амалиёт ва хизматрасониҳои бонкӣ таъсир расонанд.
Дар рафти семинар саволу ҷавоб ва музокира аз тарафи устодону донишҷуён сурат гирифт.
Нуралӣ Раҳимзода