Хабарҳо
НБО-и Роғун кафили рушди иқтисодиёт
Санаи 19 ноябри соли 2018 семинари илмӣ-назариявии кафедраи фаъолияти биржавӣ дар мавзӯи «Нақши НБО-и Роғун дар рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар семинар профессори кафедраи фаъолияти биржавӣ Исайнов Ҳ.Р. дар мавзӯи болозикр баромад намуда, вобаста ба иқтидору имконият ва паёмадҳои хуби ин иншооти аср маълумоти пурра дод.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои об бой буда, зиёда аз 50%-и сарчашмагирии ҳавзаи Баҳри Арал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Ин захираҳо бо пиряхҳо, ки 8%-и ҳудуди ҷумҳуриро фаро гирифтааст, якҷоя шуда, захираҳои бузурги оби тозаро ташкил медиҳанд, ки он дар ҳаҷми 845 млрд м3 арзёбӣ мегардад.
Инчунин зимни баромад гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Ҳавзаи Амударё бо 62,9 км3/сол ва дар захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ҷойи аввал, дар захираҳои обӣ ва нишондиҳандаҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон баъд аз Канада (631 713 млн. Квт/соат) ҷойи ҳафтумро (527 000 млн. Квт/соат) ишғол мекунад.
Дар охир байни устодон ва донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ҷовид Боймуродов