Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пешгирии нашъамандӣ ва зарари он

Пешгирии нашъамандӣ ва зарари он

Бо ташаббуси мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои ш. Душанбе дар таърихи 19 ноябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии нашъамандӣ ва зарари он» дар заминаи татбиқи стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 баргузор гардид. 
Дар мизи мудаввар мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рамазонов Эраҷ Саъдуллоевич, намояндаи Агентии назорати маводи наъшаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоева Озода, мутахассис-наркологи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Исматуллоев Саъдулло, муовини ректори ДДМИТ оид ба таълим Нурализода А., мудирони кафедра, устодон ва донишҷӯёни курсҳои 3-юми ихтисосҳои 1-960101 (Хадамоти гумрук), 1-96010102 (таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ) факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ иштирок намуданд. 
Ҳамчунин дар мизи мудаввар устоди калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ Маҳмадзода Ҳайдар дар мавзӯи «Роҳҳои ташкили мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.