Хабарҳо
Тоҷикистон ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ
21-уми ноябри соли равон дар донишгоҳ бо ибтикори кафедраи фанҳои гуманитарӣ конфренсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати якуми неругоҳи барқи обии «Роғун» доир гардид.
Ректори донишгоҳ Ш. Хайрзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият ба комёбиҳои беназир нолил гаштааст. Аз ҷумла, дар ин давра 235 неругоҳҳои хурду бузург сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба истифода дода шудани агрегати «Роғун» ифтихори миллии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буда, метавонад кишвари мо ва дар маҷмӯъ минтақаро бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд. Маҳз ин ҳама бунёдкориҳо тавассути заҳматҳои Сарвари давлат ба даст омадааст ва Тоҷикистон торафт мавқеи устувори худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ касб намуда истодааст. Вале, мутаассифона, хатарҳое ҳастанд, ки тамоми ҷомеаро фаро гирифта, боиси халал расонидан ба сулҳу субот ва оромии минтақа аз ҷумла Тоҷикистон гаштаанд, - афзуд ректор. Аз ин хотир, баргузории чунин чорабиниҳо ва конфронсҳо, фаъолнокии олимону аҳли зиё барои расонидани иттилои дуруст ба аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Сипас Сайфулло Сафаров - дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ дар мавзӯи «Экстремизми ба терроризм баранда ҳамчун таҳдид ба Тоҷикистони муосир» маърӯза намуд. Зикр гашт, ки экстремизм душмани тамоми инсоният буда, ҷабҳаҳои гуногуни хатарзо дорад. Тоҷикистон яке аз он кишварҳое буд, ки аввалин шуда, моҳияти терроризму экстремизмро дарк намуд ва барои пешгирӣ бо он муборизаи беамон эълон намуд. Тоҷикистон дар фазои геополитикии минтақа кишвари калидӣ буда, масъалаи сулҳу суботи Афғонистон ва мубориза бо ифротгароӣ низ бидуни Тоҷикистон ҳал намешавад. Наҳзатиён ва ифротгароёни динӣ талош бар он доранд, ки фарҳангу анъанаҳои миллии моро аз байн баранд, вале табиист, ки ба ин амалҳои нопоки худ муваффақ нахоҳанд шуд. Вазифаи ҳар як шаҳрванди меҳандӯсти кишвар аст, ки новобаста аз касбу вазифаи худ бо терроризму экстремизм мубориза барад.
Мудири кафедраи муносибатҳои хориҷӣ ва дипломатии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Саидбек Саидов дар мавзӯи «Нақши Тоҷикистон дар роҳи ба даст овардани сулҳу салоҳ дар минтақа» ва дотсенти ҳамин кафедра Азизҷон Раҳмонов дар мавзӯи «Таҳдидҳои муосир дар Осиёи Миёна», ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ Фаридун Сафарзода бо маърӯзаи «Фанатизми динӣ ҳамчун таҳдид» баромад намуданд.
Пас аз баромадҳо саволу ҷавоб ва музокирот сурат гирифт. Конфренсияи мазкур дар бахшҳо кори худро давоми рӯз идома бахшид, ки дар он устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Насрулло Тӯйчизода