Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии муаммоҳо ва имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Баррасии муаммоҳо ва имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Бо ташаббуси кафедраи менеҷменти молиявӣ рӯзи 19-уми ноябри соли 2018 маҳфили илмии донишҷӯён - «Менеҷер - сармоягузор» дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо ва имкониятҳо» баргузор гардид. 
Дар маҳфил донишҷӯёни ихтисоси менеҷменти молиявӣ ва менеҷменти сармоягузорӣ, инчунин устодони кафедраи менеҷменти молиявӣ иштирок доштанд. 
Дар он донишҷӯи курси сеюми ихтисоси менеҷменти молиявӣ Ашурзода Шаҳноза дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси менеҷменти инвеститсионӣ Судуров Бахтиёр дар мавзӯи «Дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон» бо презентатсияҳо баромад карданд. 
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт барои суръати баланди рушди худ, феномени иқтисодии садсола эътироф гаштааст. Дар бисёри мамлакатҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт, ба мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигарҳо таъсири мусбӣ мерасонад. 
Бахши сайёҳӣ ҳамчун падидаи нав ва яке аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир арзёбӣ мегардад. Солҳои охир, даромаднокии ин бахш аз даромаднокии саноати нафту газ, автомобилсозӣ ва кимиё баландтар баҳогузорӣ гардида, ба ин соҳа таваҷҷуҳ бештар шуда истодааст. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ корҳои мушаххас анҷом дода шуда, то имрӯз дастгириҳои беназире дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ба чашм мерасад, аз ҷумла якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгӯ сохта, ба истифодаи умум пешниҳод карда шудаанд, ки таъсири он ба рушди иқтисодиёт зиёд аст. 
Масалан: шумораи сайёҳон дар ҷаҳон аз 698 миллион нафар дар соли 2000-ум то ба 1 миллиарду 322 миллион нафар дар соли 2017 афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 9 миллиону 624 ҳаз. нафар зиёд мебошад. 
Дар охир барои рушди сайёҳӣ дар кишвар якчанд пешниҳорду таклифҳои судманд карда шуд. 


Мавзуна Ҳакимова, ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ