Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташкил ва пешбурди бизнес

Ташкил ва пешбурди бизнес

Баҳри татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва рушди бизнеси дохилию берунӣ санаи 22 ноябри соли равон дар факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ бо ташаббуси ширкати «КАБИР ТИҶОРАТ ГУРӮҲ» бизнес-тренинг гузаронида шуд.
Дар тренинг Меҳрубон Бурҳонов - муассиси ширкат дар мавзӯи «Ташкил ва пешбурди бизнес дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.
Дар машварати мазкур оид ба паҳлуҳои гуногуни ташкили бизнес ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, ба мисли машваратҳои консалтингӣ, бюрои тарҷумонӣ, иттифоқи қарзӣ, дарёфт ва интихоби бизнес-идея, навиштани бизнес-план(нақшаи тиҷоратӣ), дарёфти сармоя барои лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва ташкили бизнес бе сармояи аввалия ба донишҷӯён донишҳои амалӣ дода шуд.
Инчунин ширкати «КАБИР ТИҶОРАТ ГУРӮҲ» бо кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории  факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ барои кушодани филиали он дар назди кафедра ба мувофиқа расиданд. 

   
Ормонова Моҳру,  
ҷонишини декан оид ба илм