Хабарҳо
Профессори ӯзбек ба донишҷӯёни ДДМИТ дарс мегӯяд
Баҳри рушди ҳамкорӣ ва мустаҳкамгардонии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва илм ин навбат Раҳматулло Эргашев, профессори Донишкадаи муҳандисӣ-иқтисодии Қаршии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф овард.
Р. Эргашев дар доираи Созишномаи байни ин муассисаҳои таҳсилоти олии ин ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ аз 22 то 30-юми ноябри соли равон ба донишҷӯёни донишгоҳ аз фанҳои макроиқтисодиёт ва иқтисоди корхонаҳо дарс мегӯяд.
Ҳамкории ДДМИТ дар соҳаи маориф ва илм бо Донишкадаи муҳандисӣ-иқтисодии Қаршӣ ҳанӯз аз 31-уми августи соли 2018 мувофиқи имзои шартномаи тарафайн аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои олии кишварҳои дӯсту ҳамсоя Шукрулло Хайрзода ва Назирулло Маҳмудов ба роҳ монда шудааст.
Нуралӣ Раҳимзода