Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи ливои меҳан
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар он Носирҷон Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Сарвиноз Назарова, сармутахассиси Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Чорабиниро Амрулло Нурализода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим кушода, аҳли нишастро аз номи раёсати донишгоҳ бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Имрӯз мо бояд аз Парчами давлатии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон талқин созем, гуфт Нурализода А.
Баъдан Ҳусейн Каримов, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад кард.
Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Парчами давлатӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи зиндагии пурсаодат мебошад.
Ҳамин тавр, арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои миллатро дорад. Эҳтироми парчам арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ниёгони тамаддунсоз, эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорист, - чунин ҷамъбаст гардид баромадҳо.
Сипас ба чанд нафар устодон – Попов Н.А. ва Иматшоев З. Сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ супорида шуд. Инчунин озмуни мақолаи беҳтарин дар бораи Пешвои миллат ва НБО-и Роғун ҷамъбаст гардида, ғолибон мукофотонида шуданд. Дипломи дараҷаи 1 ба Каримов Рустам, доктор Phd курси 2, Дипломи дараҷаи 2 ба Ҳакимова Гулноза, донишҷӯи курси 2 факултети молия ва қарз ва Дипломи дараҷаи 3 ба Халифазода Ҷовидон, магистранти курси 1 супорида шуд.
Чорабиниро барномаи ҷолиби консертии омоданамудаи шуъбаи фарҳанги донишгоҳ бо сарварии Ҷурамуроди Муҳаммадназар иборат аз рақсу суруд ва саҳначаи ҳаҷвӣ ва шеърхонӣ дар васфи Парчами давлатӣ диданӣ ва ҷолиб намуд.
Машҳура Абдуллоева