Хабарҳо
Сиёсати молиявӣ ва муаммоҳои он
Дар курси навбатии такмили ихтисос барои сардорону мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, раиси Кумита оид ба иқтисодиёт, молия ва андози Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ дар мавзӯи «Сиёсати молиявӣ ва муаммоҳои имрӯзаи пешбурди он» маърӯза намуд.
Чорабиниро Баҳром Сафаров - муовини ректор оид ба илми донишгоҳ ифтитоҳ намуда, ҳамагонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ таҳният гуфта, дар бораи ин иқдоми созанда – ташкили курсҳои махсуси такмили ихтисос, ки бо ибтикори Вазорати молия дар ДДМИТ доир гашта истодааст, изҳори назар намуд.
Шариф Раҳимзода дар баромади худ доир ба сиёсати иқтисодӣ ва вазифаҳои он маълумот дода, изҳор дошт, ки сиёсати иқтисодӣ маҷмӯи чорабиниҳои давлатӣ бо мақсади таъмини вазифаҳои пешакӣ муайяншуда дар соҳаи иқтисодиёт мебошад. Вазифаҳои асосии он аз бадастории мутавозинии пешрафти иқтисодиёт, ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, таъмини сатҳи баланди шуғли аҳолӣ, нигоҳ доштани сатҳи барномавии таваррум, таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ, танзими фаъолияти берунииқтисодӣ иборат аст. Инчунин, ба гуфтаи номбурда таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба истеҳсолоти дохилӣ ва дуруст намудани сиёсати гумрукӣ равона гардад.
Дар поёни курс байни иштирокчиён музокирот ва саволу ҷавобҳо сурат гирифт.
Насрулло Тӯйчизода