Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вазъияти танзим ва назорати асъор

Вазъияти танзим ва назорати асъор

24 ноябр бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз дар доираи нақшаи зермаҳфили “Зеҳн” маҳфили илмӣ-амалӣ бо иштироки мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон Усмонов Ғуфрон Абдуқаҳорович дар мавзӯи “Роҳҳои ҳалли мушкилотҳои имрузаи бозори асъор” баргузор гардид. 
Дар маҳфили мазкур устодон ва донишҷӯён иштирок намуда, оид ба мушкилоти имрӯзаи вазъияти бозори асъор ва механизмҳои танзим ва назорати он маълумот гирифтанд. Дар маҳфил қайд карда шуд, ки тамоми ҳадафҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар роҳи танзим ва назорати асъор ин, пеш аз ҳама, суботи нархҳо, таъмини талабот ва рушди иқтисодиёти кишвар бо роҳи дастгириҳои ҳаматарафа мебошад. Зеро дар шароити мушкилоти имрӯзаи иқтисодӣ ва таъсири омилҳои дохилаю беруна ноустувории қурби пули миллӣ бо роҳи коҳиш ёфтани воридоти асъори хориҷӣ, аз он ҷумла доллари ИМА Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо тамоми ташкилотҳои қарзии дар бозори бонкӣ фаъолияткунанда талаботи рӯзафзуни ҷомеаро қонеъ гардонида, ин масъаларо ба танзим медароранд. Инчунин дар маҳфил масъалаи муайян намудани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ тавассути КРОС-КУРС ба таври мушаххас баррасӣ карда шуд. Дар рафти маҳфил саволу ҷавоб ва музокира аз тарафи устодон ва донишҷӯён дар сатҳи баланд сурат гирифт. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бештар гузаронидани семинару маҳфилҳои илмӣ дар байни устодону донишҷӯён вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз ин, аз як тараф, ба баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯ, аз дигар тараф, то як андоза ба ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи самти баррасишаванда мусоидат мекунад. 


Саидхуҷа Махшулов, муовини декан оид ба илми факултети молия ва қарз