Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷанбаҳои ҳуқуқии масоили иқтисод ва молия

Ҷанбаҳои ҳуқуқии масоили иқтисод ва молия

26-уми ноябр дар ДДМИТ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ конференсияи илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии масоили иқтисод ва молия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ доир гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ ноиби ректор оид ба илм Баҳром Сафаров ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки масъалаи баррасишавандаи конфронс яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ ба ҳисоб меравад. 
Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Анвар Сафарзода дар мавзӯи «Ҷиноятҳои иқтисодӣ ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосири инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза кард. Мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ чун кишвари иҷтимоӣ роҳи рушди бозоргониро пеш гирифта, муносибатҳои ҷамъиятӣ мавриди таҷдиди назар қарор гирифтанд. Тамоми санаду ҳуҷчатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба рушди иқтисоди миллӣ равона гардида буданд. Ҷиноятҳои иқтисодӣ истилоҳест, ки дар илм ҳар хел тавзеҳ дода мешавад. Агар дар кишварҳои пасошӯравӣ зери ин мафҳум фаъолияти шахсоне, ки дар корхонаҳо ба тасарруфи даромади калон ё пинҳон намудани андоз машғул буданд, фаҳмида мешуд, вале дар Аврупо ин мафҳум ба категорияи дигар алоқамандӣ дорад. Албатта, дар кишвари мо низ барои рушди иқтисодиёт ва соҳибкорон санаду ҳуҷчатҳои зиёд ба расмият дароварда шудаанд, вале дар навбати худ чунин қонунгузориҳо на танҳо монеа, балки бештар имтиёзҳоро низ барои соҳибкорон фароҳам овардаанд. 
Дар конфренсияи мазкур, инчунин номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон У. Меликов дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии истифодаи интернет дар фаъолияти соҳибкорӣ», сардори кафедраи ҳуқуқи граждании Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия А. Қурбонов доир ба «Баъзе масоили қонунгузории гражданӣ», мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ Ҷ. Бобоев «Баъзе проблемаҳои хусусияти коррупсионидошта дар қонунгузорӣ», дотсенти ҳамин кафедра С. Ҳаитов дар мавзӯи «Масъалаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои андоз ва молия дар ашъори классикии форсу тоҷик» маърӯзаҳо намуданд. 
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо музокирот ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 
Пас аз танаффуси нисфирӯзӣ конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар бахшҳо кори худро идома бахшид. 


Насрулло Тӯйчизода